Номи шоири маҳбуб шодравон Қутбӣ Киром барои мардуми адабдўсти ноҳияи мо ошност. Ин бузургмарди саропо шеъру тарона барои маҳалҳои гуногуни Самарқанд ва манзараҳои дилфиреби кўҳистону деҳистони марзи бобоӣ ашъори зиёде офаридааст.
Агар фарзанди водии Зарафшон, шоири дилҳо Қутбӣ Киром дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни мубораки 85 мерасид ва шефтагони осораш ин санаи муҳими ҳаёти шоирро шеърборон ҷашн мегирифтанд. Ҳоло чун бузургдошту поси хотири ин шоири шаҳир намунае чанд аз осорашро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем:
САФЕДОРОНИ ОҲАЛИК
Эй, сафедорони сар бар осмони Оҳалик,
Чун шумо хоҳам тановар бошаму болобаланд.
Чун шумо хоҳам суруде, ки ҷаҳон такрор созад,
Чун шумо хоҳам, ки шоху навдаҳои рост бошанд.
Дар канори печандарпечу ноҳамвори умр,
Ин қадар озодагиҳо, ин қадар болоравиҳо.
Обатон аз оби чашми Рўдакӣ ояд магар,
Решаҳотон аз замини шеъри ў дорад ғизо.
Ман шуморо ҳамчу шеъри тозае дарёфтам,
К-он ба девоне зи чашми рўзгор афтодааст.
Чаҳ-чаҳи булбул дар ин ҷо лаззате дорад дигар,
Дар кафи ҳар барг гўё сад баҳор афтодааст.
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.