Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДУРАХШИ АХТАРИ АДАБ

Агар олими барҷастаи суханшинос, доктори улуми филологӣ, профессор Шавкат Шукуров дар қайди ҳаёт мебуд, мухлисони каломи бадеъ 85-солагии зодрўзи ин бедилшиноси мўътабарро қайд менамуданд.

Шавкат Шукуров моҳи маи соли 1932 дар деҳаи Оқмасҷиди ноҳияи мо таваллуд ёфта, дар давоми солҳои 1949-1954 дар факултаи филологияи донишгоҳи мазкур таҳсил кардааст. Курси назариявии аспирантураро дар назди кафедраи адабиёти классикии ўзбек гузашта, перомуни осори Алишер Навоӣ рисолаи номзадӣ (1963) ва дар мавзўи «Лирикаи Бедил» рисолаи докторӣ (1985) дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии доктори илм (1987) ва профессорӣ (1988) шарафёб шудааст. Барои тайёр намудани соҳибтахассуси соҳаи адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ саҳмгузорӣ кардааст. Салоҳияти илмию педагогӣ, журналистиву муҳарририи ў дар «Феҳрист»–ҷашнвораи профессор муфассал нишон дода шудаанд. Устод дар тўли чандин даҳсолаҳо адабиёти классикии ўзбеку тоҷик, адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва адабиёти аҳди сафавияро ба доираи тадқиқ кашида, оиди Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шавкати Бухороӣ, Муҳаммадалӣ Соиб, Мирзо Ғолиб, Маҳмуди Қошғарӣ, Муҳаммад Тоҳир Насрободӣ, Сайидои Насафӣ, Муҳаммад Иқбол, Аҳмади Донгиш, Садриддин Айнӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Нодир Нодирпур, инчунин шуарои форсисарои ҷумҳурият Абдулло Субҳон, Парисо, Дилшоди Фарҳодзод, Нормурод Каримзода мақолаҳои илмӣ-тадқиқотиро ба забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ, русӣ ва англисӣ таъбу нашр намудааст, ки муаллифро ҳамчун олими адабиётшинос, туркшинос, ҳиндшинос ва эронишинос манзур мегардонад.
Профессор Ш.Шукуров олими сермутолиа, тезкор, нозуктабъ, дурандеш, сўҳбаторо, шўху ҳозирҷавоб буд. Навҷўиву навгўӣ, ватанпарвариву хайрхоҳии беғараз, эҳтироми дўстии халқҳо, ифтихори миллӣ рукнҳои асосии маънавиёти бои устод ба ҳисоб мерафт. Китобҳои арзишманди муҳаққиқи сермаҳсул «Дурахши ситораҳои адабу фарҳанг» (2007) ва «Лирика Бедиля» (2008) дар ҳаёти маънавию адабии кишвар мақоми хосе доранд. Афсўс, ки марги ногаҳониву фоҷиавӣ (11.01.2009) ба табъу нашри асарҳои тозаэҷоди устод «Ахтарони нурполо» (иборат аз 12 мақола), «Шиносоии ман бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ» ва «Бедил лирикаси» имкон надод. Умед аст, ки осори номатбўъи устоди зиндаёд аз ҷониби пайвандону пайравони содиқ дастраси доираи васеи мухлисони адабу фарҳанг мегардад.

Н.КАРИМЗОДА


Дата добавления: 19/05/2017 15:44;   Просмотров: 1581
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку