Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПАНДИ АСИЛ ё худ гӯшмоле алайҳи ангезаҳои коронавирус

Писарони дорушиноси номӣ Ҳоҷӣ Аслиддин Васлиддинов Азамат ва Акрам низ соҳаи тиббиётро ба худ касб кардаанд. Агарчӣ дар дорухонаву табобатгоҳи хусусии онҳо доруву табибони пуртаҷриба зиёданд, аз ангезаҳои сирояткунандаи вируси тоҷдор ҷои тарсиданӣ доранд. Эҳтиётро ними ҳаёт не, балки шарти ҳаёт мепиндоранд. Аз ин рӯ, падар ва модаронашон Ҳоҷӣ Аслиддинбобою Ҳоҷия Шоҳистахонбибиро бепарво нагузоштанд. Инак, зиёда аз ҳафт моҳ боз бобою бибӣ дар карантини хонагӣ ҳастанд. Фарзандони асил барои волидайн тамоми шароити зистро ҳозир намуда, хонаи эшонро бо воситаҳои техникии замонавӣ, аз ҷумлаи телевизору интернет ва телефон ҷиҳозониданд. Онҳо бо ин воситаҳо бо хешу ақрабо ва пайвандони дигар доимӣ дар тамос буданд. Вале хумори дидор боз дигар будааст...

Ҳоҷӣ Аслиддинамакро пас аз андаке сабуктар гардидани ҳолатҳои коронавирусӣ дар ҷашни зодрӯзи додарашон даъват намуданд. Ӯ бо сад хаёлу андеша сӯи базмгоҳ қадам мепартофт. Ба ҳамсараш гуфт:
- Онеш, ман зуд бармегардам, агар ҳамроҳ мешудӣ, хубтар мебуд.
- Бобош, шумо аз номи ман ҳам соҳибҷашнро табрик намоед. Ман андаке нотобтар ҳастам. Бигзор ба назди набераҳо бо як даста вирус наоям. Охир ин дард ба каси камқувват зуд мегузарад, мегӯянд.
Ҳамин тавр, Аслиддинамак ба базмгоҳ бо ниқоби тиббӣ расид. Агарчӣ меҳмонон аз бист нафар беш набуданд, талаб намуд, ки то вақти хӯрокхӯрӣ ниқобашонро аз рӯй нагиранд ва дастонашонро бо мояи антисептикӣ шӯянд.
- Ҳамин акем ҳам аҷоиб-дия, - хандон мегуфт додаракаш Фахриддин, - ба ин кас монад, ниқобро аз рӯй накашида, хӯрок хӯретон, мегӯянд...
Ин сухани додарро Аслиддинамак хуб фаҳмид, вале чизе нагуфт.
Раиси давра навбати аввали ифтитоҳиро ҳамчун пири хонадон ба Аслиддинамак дод. Ӯ суханро аз номи Худованд оғоз бахшиду ба ҳамагон бори дигар салом расонид.
- Додару хоҳарони ширинам, хешовандони азизам, аз ҳар яки шумоён бӯи падар ва модарам меояд. Чӣ гуна аз шумо дур шудан мумкин? Аммо ин вабое, ки ҳоло замину замонро фаро гирифт, ба сари бандагони худованд балоҳо ва ҷудоиҳои зиёдеро овард. Шукри будани додарамон, ки бо баҳонаи зодрӯзаш рухсори шумоёнро мебинам. Вале агар ин беморӣ намешуд. Ин ҷо боз қариб даҳ нафар наздиконамон меомаданд. Афсӯс. Онҳо дигар бо мо нестанд. Ҳамин балои азим - коронавирус буд, ки моро аз онҳо абадан ҷудо кард. Акнун шояд хуб фаҳмида бошед, ки ман чаро худ ва баробари худ шумоёнро эҳтиёт кардан мехоҳам. Магар аз фавти ногаҳонии инсон ва паҳн кардани дарди сирояткунанда бадтарин ҳолат ҳаст? Боз мегӯям, азизонам, баробари дидани шумо дилам гум мезанад ва бӯсидан, ба оғӯш кашиданам меояд. Аммо ангезаҳои ин дард маро имкон намедиҳад. Аз шумо ҳам илтимос ин аст, ки ба қоидаҳои санитарӣ риоя кунед. Гумон мабаред, ки бо ниқоб шуморо атрофиён намешиносанд. Чашм беҳтарин узв аст, ки баробари дидан инсони наздикашро мешиносад.
Аз тарафи дигар, ҳар як кор хислате дорад. Ҳамин карантини коронавирус сабаб шуд, ки баъзе оилаҳои ҷавон бо зану фарзанди худ гӯё аз наздик шинос шуданд. Шикасту рехти ҳавлӣ, буру дӯзи зиндагиашонро дуруст намуданд. Ҳамин карантин буд, ки аз хондану тарбияти фарзандон огоҳ шудем. Умуман, карантин муҳаббатамонро ба наздиконамон, ки кайҳо боз надида будем, зиёд кард. Аниқтараш, қадри ҳамдигарро медонистагӣ шудем. Ман ҳоло укои қадрдон ва қадршиносамро бо мавлудаш табрик карда, аз Худованди мутаол дур кардани ҷамъи балоҳоро мепурсам.
Аслиддинамак суханашро ба поён расониду ҳама даст ба киса бурда, ниқоб меҷустанд. Онҳое, ки навакак ба сӯи Аслиддинамак, ки ҳамаро ба эҳтиёткорӣ даъват мекард, нигоҳи тамасхуромез дошанд. Акнун аз карда пушаймон буданд.
Бале, коронавирус ҷараёнҳои бардавом дорад. Агар ҷараёни аввал ва дуввум гузашта бошад, ҳоло ин вабо аз сари халқи мо дур нагаштааст. Набояд, ки эҳтиёткориро фаромӯш намоем.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 02/12/2020 10:37;   Просмотров: 528
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку