Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАЪРУФИ БОҒИ САНЪАТ

Маърака идома дошт. Баранда эълон кард, ки навбат ба сароянда Маъруфҷон. Меҳмонону мизбонон, хизматчиёну ҳангоматалабон ва ҳатто кӯдакони шӯху беқарор дам ба дарун зада, чашм ба саҳна дӯхтанд. Ҷавони болоқади хушлибос тор дар даст ба ҳозирон бо табассуми зебанда нигариста, ба микрофон наздик шуд. Сипас бо нияти навохтану сурудан асбобашро ҷӯркунон ба атроф чашм дӯхт.

Суруд бишнав зи дил ҳамҷӯри дарё,
Дуруд бишнав зи хушгуфтори дунё.
Ҳама гӯшу ҳуш хомӯш монда, интизори суруди дилошӯбу ҳаяҷонбахш буданд. Ниҳоят, ҳофиз захма ба тор заду савти фараҳафзо ба атроф паҳн гардид. Навои форам бо садои дилнишин омехт, ки дили издиҳомро ба бозӣ дароварда. Онҳо аз ғояти шавқ баробари овозхон ба ибораи Хоҷа Ҳофиз дастафшон ғазал хонданду покӯбон сар афрохтанд.
Таъби ҳозирон болида гашта, ба рақс баромаданд. Маъруф нохун ба тор мезад ва месуруд:
Даст бар сӯрох барӣ, аз заҳри мор андеша кун,
Пой бар гил мениҳӣ, аз захми хор андеша кун.
Чун шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ,
Дар миёнаш ғарқ монӣ, аз канор андеша кун.
Рақсу бозӣ тафсиду қалбҳои беқарор ба таппиш даромаданд. Гӯё ҳама дар осмони рӯъё ба парвоз омада буданд. Афсуне ҳамаро фаро гирифта, як ҷаҳон лаззати руҳӣ бахшид. Санъаткори навҷӯю навписанд Маъруфҷон Каримов сурудро ба итмом расонида, навбатро ба дигарон доданӣ буд, ки мардум бо исрор талаб карданд: Ҷуфт шавад, мутриб навоз, ҳофиз саро! Ин бесабаб набуд, албатта. Зеро шоире хитоб кардааст, ки "Ҳар суруд, к-аз дил барояд, лоҷарам бар дил нишинад". Воқеан, мавриде кас ба эҷодиёту маҳорат, услубу ҳунари волои сароянда диққат медиҳад, дилбастагӣ, фидоӣ ва меҳнату муҳаббати ӯро ба санъат дарк мекунад. Завқи баланд, истеъдоди табииӣ, маҳорати андӯхта ӯро маҳбуби дилҳо гардондааст. Мавзӯъҳои гуногун - бахту саодат, муҳаббати пок, кишвари маҳбуб, Самарқанди қандманд асоси мундариҷаи сурудҳои ҳофизро ташкил медиҳанд. Санъаткори умедбахш дар тӯли фаъолияти ҳунарварии худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ғановату гуногунрангии ҳур як суруд таъмин гардад. Маъруфҷон чун устодони санъат Ҷӯрабек Муродов, Далер Назар, Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон ҳангоми интихоби матн аввало маънӣ ва мазмуни онро ба ҳисобу инобат мегирад, вазну ҳиҷоҳои мисраъҳои шеърро муайян намуда, оҳанг мебандад.
Шояд аз ҳамин сабаб ҳангоми ҳунарнамоӣ кардани ӯ мухлисонаш, алалхусус устодонаш Маъруфҷон Бозоров, Эркинхон Муҳаммадиев, дӯстони ҷониаш, ҳамкасбонаш ба қавле курта-курта гӯшт мегиранд. Ман ҳам яке аз мухлисонаш ҳастам. Чанде пеш бо бародари ба ҷону дил баробарам ҳамкору ҳамсинфам Нормурод Каримзода дар як маърака ҳузур доштем ва Маъруфҷон хизмат мекард. Нормурод ба ман гуфт, ки чаро шумо ҳамчун хабарнигори "Овози тоҷик" дар бораи ин ҳофизи тоҷик чизе наменависед?! Сипас сӯҳбати гарми мо ба вуқӯъ пайваст. Ҳангоми мулоқоти самимона, ошкоро, дилнишин аз ӯ пурсон шудам, чӣ сабаб шуд, ки ба санъат дил баст? Маъруфҷон бо камоли рағбат ва лутфи ба худ хос посух доду ман бо тақозои касби журналистӣ ба дафтарчаам сабт намудам.
- Раҳматӣ падарам Раҷаббойака мухлиси ашаддии ҳофизи номдор Маъруфҷон Бозорови миронқулӣ буданд, - гуфт мусоҳибам, - пас аз ба дунё омаданам Маъруфҷон ном гузоштаанд, ки мисли ӯ сароянда шуда, ба халқу Ватан, миллату забон хизмат кунам. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 17-и ноҳияи Самарқанд аъзои маҳфили дастаи ҳаваскорӣ шуда, захма ба тор задану иҷрои сурудро аз аввалин устодонам Эркинхон Муҳаммадиев омӯхтам. Муҳаббат ба ин касб каминаро ба Омӯзишгоҳи санъати Самарқанд ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов овард. Дар як маърака қиблагоҳам маро ба Маъруфҷон Бозоров муаррифӣ карданд. Ана баъд ҳамкору ҳамдил шудем. Сафари аввалини мо ба шаҳри Панҷакент шуд. Тӯи арӯсӣ буд. Рости гап, баранда номи маро эълон карду дасту поям ба ларза даромад. Як нигоҳи ширини устодам ба ман таскини дил бахшид ва ман чанд суруд хондам. Ҳоло ҳар гоҳ дар маъракаҳои серодам ширкат варзам, сафари Панҷакенти бостонӣ пеши назарам ҷилвагар мегардад.
Воқеан, асрори комёбии рӯзафзуни эҷодии Маъруфҷон Каримов пеш аз ҳама дар он аст, ки вай пайваста оҳангҳои халқӣ, алалхусус тоҷикӣ ва ӯзбекиро ҳаматарафа меомӯзаду такмил медиҳад. Аз ин сабаб, ӯ аз байни санъаткорони имрӯзаи Самарқанд яке аз ҳофизони маҳбуб ва овозадори мардуми тоҷику ӯзбек аст. Вай аз устоди "Шашмақом" Ҷӯрақул Солеев, санъаткорони намоён Олимҷон Неъматов, Азим Қувондиқов ва дигарон низ сиру асрори ҳофизиро омӯхт, ки ба ду забон озод месарояд. Овози фораму ширадор ва дилнишину ҷозибаноки ӯ сомеони худро мавҳу мот мекунад. Ҳофизи соҳибҳунар, ки завқи баланду салими бадеӣ дорад, ғазалҳои хубу мувофиқи Шамси Табрезӣ, Хоҷа Ҳофиз, Алишери Навоӣ, Ҳилолӣ, Фузулӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ ва дигаронро интихоб мекунад.
Маъруфҷон Каримов на фақат санъаткори варзида, балки пеш аз ҳама инсони хоксору ҳалим, дилкашу ширинсухан аст. Дар айни замон ӯ тарбиягар ва устоди санъаткорони ҷавон ва падари бузургвори чор нафар фарзандон мебошад. Бо ҳамсари меҳрубонаш Дилфуза Сатторова гулдухтараш Меҳрубон, писарҳояш Заррухҷон, Абдукарим, Аҳмадҷонро мувофиқи талаби давр таълиму тарбия медиҳад. Чанде пеш духтарашро ба хонадони нав гусел намуда, соҳиби домод шуд. Модари арҷмандаш дуогӯи ӯянд.
Имрӯзҳо Маъруфҷон маъруфи боғи санъат аст. Мо ба ҳофизи ҳунарманди дилписанду маҳбуби халқ комёбиҳои нав ба нав таманно дорем ва аз забони шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода мегӯем:
Рӯдворона зиндагонӣ кун,
Ҷӯш зан, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Дата добавления: 06/11/2020 11:50;   Просмотров: 568
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку