Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АНДЕШАҲО

Қалам ҳам умр дорад, вале умри кӯтоҳе чун барқ. Вай навишта-навишта, обу адо шуда, гоҳ номаи ошиқӣ, гоҳе марсияи ҷудоӣ менигорад. Гаҳе фарёд зада, гаҳе гирён шуда, гаҳе хандон дарди дили одамонро ба ҳаёт ифшо месозад.
Вале, бо ин ҳама аз умри кӯтаҳи даргузари худ шикояте надорад.
Кош, ибратгири қалам мешудем…

***
Лоиқ бо назми шӯрнагези худ руҳу арвоҳи Хайёмро шод бигардонд, дили ошиқони нокомро пок. Мисли ӯ касе ба модарон муҷассамаи назм насохта ва нахоҳад сохт.
Вале, сад дареғо, ки шоир бо марги худ шаҳсутуни назми тоҷикро дарз хӯронд.
***
Киштии умрам дар уқёнуси пурталотуми ҳаёт ба бисёр лакнату садамаҳое бархӯрд, ба сони киштии "Титаник" ба Айсберги бузург. Шукри худост, ман аз он лакнату садамаҳо гаҳе осону гаҳе душвор, гаҳе хандону гаҳе гирён бо таҳаммул гузаштам: фақат ба рафтору гуфтору пиндори некам.
***
Хурсандем, ки рӯзи таваллудамон нағз бигзашт. Мамнунем, ки ба туфайли ҳимояи рисола зиёфатамон хотирмон бигзашт. Суннаттӯи фарзанду набераю абераҳоямон низ пурмазмун бигзашт.
Аммо афсӯс, ки аз умри азизамон боз як рӯз бигзаштанаш ҳеҷ ба гӯшаи хаёламон намеояд.

Солеҳ САИДМУРОД


Дата добавления: 21/05/2021 16:59;   Просмотров: 488
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку