Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАНДАЛОТ БАРИН ё худ каломи бамеҳри Камолӣ

Ба истиқболи чопи шумораи сеҳазорумини рўзномаи «Овози Самарқанд»

Дирӯз Мирсафо Камолиро дар истгоҳи маркази ноҳия дидам. Дер боз он касро надида будам. Аз газетаву китобҳои зери кашашон шинохтам. Дар даст асову ба чашмонашон айнаки сабз гирифтаанд...
Мирсафо Камолиро ҳамчун корманди собиқи рӯзномаи "Овози Самарқанд" ва мухлиси доимии "Гулобод тонги" мешиносам. Ҳар як шумораи рӯзномаву китоби навчопшуда аз эътибори Мирсафо Камолӣ дур намемонад. Онҳоро ба наздиконашон низ тӯҳфа мекунанд. Шумораҳои нави рӯзнома ва китобҳоро ба хонаи дӯстон ҳамчун дастовез мебаранд. То аз чоп баромадани китобҳои шоирон аз муаллифон бештар дар таку дав мешаванд, шабро ба субҳ мепайванданд.
Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ҳар боре, ки Мирсафо Камолиро бинам, хушҳол мегардам. Он кас соддаву самимона сухан мекунанду хандаҳои беғашу беғубор доранд.
Рӯзе чун одат Мирсафо Камолӣ ба хонаамон омаданд. Ману модаркалонам аз себ повидилло тайёр мекардем.
- Ҳа, хола, ба зимистон тайёрӣ мебинетон? - дар даст сатили болояш бо рӯймолчаи гулдор бастагӣ вориди ҳавлӣ шуданд Мирсафо Камолӣ ва бо хандаи беғубор илова карданд.
- Ман ҳам ба шумоён аз боғи худамон ангури дороӣ овардам.
- Оҳ-оҳ, чӣ хел пӯчоқи хушрӯ... Ҳаваси кас меояд, - ба пӯчоқҳои себ бо ҳавас нигариста гуфтанд Мирсафо Камолӣ. - Мазза-дия. Гов хӯрад, дуо мекунад. Афсӯс, ки шумоён гову гӯсфанд надоред...
Дар меҳмонхона модаркалонаму Мирсафо Камолӣ дурудароз сӯҳбат карданд.
Ман сатили пур аз ангурро холӣ карда, дар дохилаш як табақ ош ва дуто нон гузоштам. Вақти бозгашт Мирсафо Камолӣ диданд, ки сатилашон вазнин шудааст, бадқаҳрона сатилро ба замин гузошта, рӯймолчаашро кушоданд. Зуд нону табақи ошро баргардониданд. Ҳарчанд модаркалонам хоҳиш мекарданд, ки ҳеҷ набошад, дуто нонро гиранд, вале қарори Мирсафо Камолӣ қатъӣ буд.
- Укаҷон, одам аз хонаи дӯст бо дасти "хушк" намеравад, - гуфтанд модаркалонам ва ба ман рӯ оварданд. - Фарзона, ба ин сатил пӯчоқ андоз!
- Она, ин хел накунед, айб мешавад, меҳмон меранҷанд, - гуфтам аз рафтори модаркалонам шармида.
Модаркалонам зани соддаву самимӣ буданд. Худашон сатилро аз пӯчоқ пур карда, ба Камолӣ доданд. То ҳол ин хел хурсанд шудану хандаи беғубори калонсолонро надида будам. Камолӣ кӯдаквор хурсандӣ карда, сатили пурпӯчоқро гирифта рафтанд.
Бегоҳ падарам аз қиссаи меҳмоннавозии мо дилхиҷил шуда, ба Мирсафо Камолӣ занг зада, узр пурсиданд.
- Озодҷон, пӯчоқҳои тару тозаро дида, ҳавасам омад, - хандон ҷавоб доданд Камолӣ. - Рости гап, ба говам дилам кашол шуд. Холаам рамузфаҳм-дия. Фикри маро хонда, табъи дилам рафтор намуданд. Говамон пӯчоқро ҳузур карда хӯрду дуо намуд.
Ин аз самимияту дили бузург доштани Мирсафо Камолӣ аст.
Рӯзе ҳамроҳи аҳли идораи "Овози Самарқанд" ба сайри кӯҳсор баромадем. Он рӯз хурсандии Мирсафо Камолӣ ҳадду канор надошт. Гоҳо шеър мехонданду гаҳе суруд.
- Хонсем, хонсем, - гуфтанд ба Дилафрӯз Облоқулова нигариста. - Нағз... нағз. Боз бисёртар омӯзед.
Он кас дар бораи ҳар як мақолаи дар "Овози Самарқанд" чопшуда фикрашонро баён карда, ба мухбирон маслиҳатҳо медоданд.
- Ман ба сандуқсоз дуто сандуқ супориш дода будам, - гуфтанд Мирсафо Камолӣ дар омади сухан.
- Мирсафоака, фарзандҳоро ҷо ба ҷо карда бошед, акнун барои набераҳо сандуқ месозонед? - пурсиданд кадоме аз ҳозирон.
- Не, хандиданд Мирсафо Камолӣ. - Мушҳои ноинсоф бисёр газетаҳоро хӯрдааст. Ба занак гуфтам, ки якто сандуқатро ба ман холӣ карда те!Янгаатон як сандуқи калон дод. Газетаҳо аз он зиёдӣ кард. Боз ба қуттиҳо андохтам. Дирӯз якто сандуқи супоришдодаам тайёр шуд. Ба он навиштаҳои Дилдора, Дилрабо ва Дилафрӯзро гузоштам. Агар газетаҳоро ба сандуқ гузорам, хотирам ҷамъ, бехавотир хоб меравам...
- Агар як шумораи рӯзномаҳои "Овози Самарқанд"-у "Гулобод тонги"-ро нахонам, бемор мешавам, - гуфтанд Мирсафо Камолӣ. - Дар баҳорон корҳои боғбонӣ авҷ мегирад. Ҳангоми токкушоиву нигоҳубини ниҳолҳо дилам ба газетахонӣ гум мезанад. Роҳ дур бошад ҳам, пои пиёда то кӯчаи калон мебароям ва барои гирифтани рӯзнома ба идораи газета меоям. Газетхонӣ ба ман қувват мебахшад.
Аз даву този зиндагӣ, равуои бисёр ба идораи рӯзномаҳо пойҳояшон камқувват гардида бошанд ҳам, аз бисёр хондану навиштан чашмонашон камнур гардида бошанд ҳам, боз сӯи рӯзномаҳо мешитобанд, то худ ва дигаронро низ аз ғизои маънавӣ баҳраманд гардонанд. Ба асо такя намудаву ба чашм айнак монда, рӯзномаро мехонанд ва бо каломи хушу бомеҳри ба худ хос мегӯянд:
- Хонсем, хонсем... Нағз.. нағз... Қандалот барин...

Фарзона ҲАМИДОВА,
донишҷӯи курси аввали
бахши филологияи ДДС


Последнее редактирование: 18/11/2020 10:55;   Просмотров: 595
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку