Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд…

Дирӯз дар Самарқанд бахшида ба 144‑солагии поягузори адабиёти муосири тоҷик, адиби зуллисонайн, арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ Садриддин Айнӣ дар Хона-музейи ба номи устод тадбири адабӣ баргузор гардид.

Намояндагони Маркази миллӣ-­фар­ҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, Сафоратхонаи Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, шоир ва нависандагон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирокдорони тадбир буданд.
Дар оғоз устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев зикр кард, ки устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он нафаронест, ки тамоми умри пурқимати худро пайи эҷодиёт ва зинда намудани хотираи таърихи халқ ва чеҳраҳои адабӣ бахшидааст, сарфи хомаю китоб намудааст.
Сипас, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба ҳаёту фаъолият, асарҳои эҷодкарда ва заҳмату талошҳои адиби забардаст дар рушди адабиёти тоҷику ӯзбек сухан гуфт.
— Дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва ӯзбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст, — иброз дошт А. Раҳмонзода. — Устод Айнӣ бо адибони ӯзбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар камолоти эҷодии онҳо нақши назаррас дорад. Ӯ аз аввали асри ХХ бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи ӯзбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст. Баробари ин, устод Айнӣ дар бораи ду адибони ӯзбек — Муқимӣ ва Алишер Навоӣ ду асари бун­ёдии дигар таълиф карда, нақши онҳоро дар адабиёт ва фарҳанги тоҷику ӯзбек рӯшану барҷаста нишон дод.
Дар идома раиси Маркази миллӣ-­фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, олими адабиётшинос, профессор Аслиддин Қамарзода, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва осори устод Айнӣ ҳарф заданд.
— Айнӣ ҳамчун устоди каломи бадеъ барои наслҳои оянда мероси бойи адабӣ боқӣ гузоштааст, ӯ чун мураббӣ чанд зумра шоирону нависандагон ва адабиётшиносонро тарбия намуда, ба воя расонидааст, — гуфт Т. Тугалов. — Мо ҳангоми таҳсил дар факултети филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо осори адабии устод аз наздик шинос гардида будем. Асарҳои устодро бо забони ӯзбекӣ мутолиа карда, доир ба мавзӯъ ва мундариҷаи осори устод мақолаҳо менавиштем. Устод Айнӣ ба бисёр адибони ӯзбек ҳаққи устодӣ дошта, аксари онҳо дар хотироташон аз муҳаббат ва меҳрубонии ӯ бо самимият изҳори назар кардаанд.
Тадбир бо сурудхонии ҳунарпешагони хушовози Самарқанд Мардон Мавлонов, Асадулло Атоуллоев, Ҳасан Нуруллоев, инчунин, баромадҳои ҷолибу шавқовари донишомӯзони мактабҳои ҳамагонии рақами 54 ва 37‑и ноҳияи Самарқанд, хонандагони мактаби таълими умумии рақами 22‑и шаҳри Самарқанд идома ёфт.
Дар анҷом аз тарафи Маркази миллӣ-­фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ба маъмурияти Хона-музейи устод ва як гурӯҳ иштирокдорон китобҳо тӯҳфа карда шуд.


Дата добавления: 16/04/2022 13:48;   Просмотров: 390
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку