Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТОЗАНАЗАРЕ БА ДИЁРИ ТОЗАБУНЁД

Имрӯзҳо дар саросари деҳу маҳаллаҳои мамлакатамон тадбири бонуфузе бо номи «Ӯзбекистони нав - ҷаҳонбинии нав» баргузор мегардад. Он барои рафъ сохтани руҳи хаставу кайфияти афтодаи халқамон, ки дар тӯли ҳафт моҳи карантини коронавирусӣ ба миён омад, ҳиссаи босазое мегузорад. Чунин тадбири дилхушкунанда дар бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 17-и ноҳияи Самарқанд бо аҳли маҳаллаи Гулбоғ баргузор шуд.

Нахуст садои Мадҳияи давлатӣ танинандоз гардида, байрақи мамлакатамон партавафшонӣ кард. Муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» - «Субҳи Гулобод», шоир Нормурод Каримзода, ҷонишини раиси дастгирии оила ва маҳаллаҳои ноҳия Муинҷон Набиев ба сокинони тадбирандешу саховатманди маҳалла, ки барои аз банди мушкилиҳои иқтисодиву маънавӣ баровардани мардум хизмати босазое кардаанд, ифтихорномаҳои ҳокими ноҳия Носир Мавлоновро супорид. Профессори шӯъбаи самарқандии Донишгоҳи ахбор ва технологияи Тошканд Абдуғафур Ҳотамов дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакатамон ва корномаи Президенти давлат дар лаҳзаҳои мушкил ҳарф зад. Баромади санъаткорони тошкандӣ, ҳунарпешагони санъати кино ва театр Санҷар Шодиев, Шербек Шодиев, Нурулло Усмонов, Алимардон Ҳоҷиев ва шоирону мутарҷимони шинохтаи диёрамон Одил Икром ва Ойдиннисо писанди гулбоғиён гардид.


Хонандагони мактаб аз рӯи панҷ ташаббус тайёрии хубе дида будаанд, ки дар ҳама самт пешсафиашон намоён буд. Сарояндагони маъруфи Самарқанд Маъруфҷон Каримов, Шерзод Узоқов, Сафаралӣ Раҷабов бо суруду таронаҳои дилангези худ кайфияти ҳозиронро болида сохтанд.
Дар охири тадбир раиси маҳаллаи Гулбоғ Озодҷон Хидиров ва директори мактаби рақами 17 Эътибор Ҷӯрақулова барои иштирокашон ба меҳмонон ташаккур изҳор намуданд.


Аз рухсори иштирокдорон аён буд, ки ба ояндаи Ӯзбекистони дар сиёсат тозабунёд назари гарму тозае доранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Дар аксҳо: лаҳзаҳо аз тадбир.


Дата добавления: 20/11/2020 15:00;   Просмотров: 521
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку