Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТОЛИБИ МАЪРИФАТ АЗ ОСТОНИ МАЪРУФӢ

Самарқанди куҳану ҳамешаҷавон аз азал дар радифи ёдгориҳои таърихӣ бо аҳли илму фарҳанги худ низ ифтихор дорад. Агар ҳисси кунҷковии шумо боло гирифта, аз манори баландтарини мадрасаҳои Регистон ба ҷониби шимол нигаред, харобаҳои шаҳраки Афросиёб, ба сӯи ҷануб сар тобед, хоктепаи баланд бо номи Талибарзу ба назар мерасад. Воқеан, доир ба ин маскани асрорангез бисёр ривоятҳо мавҷуданд. Бояд таъкид намуд, ки мардуми сарбаландаш дар чор иқлим маълуму машҳуранд ва бо зодгоҳи худ ифтихор доранд. Далели фикрамон байти зерини шоири хушбаён Музаффархон Ҳоҷизода аст:

Ба хокат саҷда меорам, аё модар Тали Барзу,
Нахоҳам дод хокатро ба кони зар, Тали Барзу…
Қаҳрамони очерки мо, яке аз фарзандони фарзонаи Самарқанд Толиббек Маъруфӣ (Маҳмудов) дар шафати ҳамин тепаи бошукӯҳи бостонӣ, дар оилаи аҳли зиё, арбоби намоёни ҷамъиятӣ, шодравон Маҳмудбек Маъруфӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ки дар бораи ин марди накӯному накӯкор, тадбиркори номдор, шайдои ашаддии санъату адабиёт сухан нагуфтан мумкин нест.

Ҳар як амал бо хости Худо
Утоқи кории Толиббек Маъруфӣ дар шафати шоҳроҳи Самарқанд - Шаҳрисабз, дар бинои хоҷагии фермерии "Маҳмудбек Маъруфӣ", ки худ таъсис дода, солҳои тӯлонӣ роҳбарӣ кардаасту ҳоло писараш Зафарҷон фаъолияти ӯро идома медиҳад, арзи вуҷуд дошта, як тарафи хонаи кориашро ҷевони китобҳо зеб медиҳанд. Вай аз рӯйи одат ҳар рӯз 20-30 саҳифа китоб мутолиа накунад, ба қавле устухонаш ба ҷояш намеафтад.
Имрӯз ҳам ӯ баъди намози бомдод қабл аз ба коргоҳ ворид шудан, қитъаҳои кишоварзиро як-як давр заду асабаш вайрон шуд. Зеро аъзоёни хоҷагии фермерӣ қариб ба сад гектар замини лалмӣ ғалла кошта, аз сабаби камбориш омадани баҳор растаниҳо аз сабзиш монда буданд. "Ҳар як амал бо хости Худо" худро таскини дил дод ва ба утоқи корӣ ворид шуд. Хаёломез ба ҷевони китобҳо дида дӯхт. Даст ба ҷевон бурду китоби "Таронаҳои Самарқанд"-ро ба даст гирифту гӯё бо дӯсти деринаи худ рӯ ба рӯ шуда бошад, табъаш болида гашт. Ба мутолиаи китоб, ки дар асоси эҷодиёти даҳонакии халқӣ аз ҷониби фолклоршиноси маъруф Баҳром Шермуҳаммадов таҳия шуда буд, ба варақ задан пардохта, дар дил ба муаллиф аҳсант гуфт. Ҳамин дам симои модаркалонаш Муаттарой Маҷидова (Равонаш шод бод!) ба пеши назараш ҷилвагар гардид, ки тарғибкунандаи асарҳои халқӣ буд. Ӯ дар маъракаҳои занон ҳамроҳи худ баёзеро бурда, шеъру таронаҳои беҳтарини онҳоро ба аҳли маърака мехонд, ки ҳозирон бо шавқу ҳавас гӯш мекарданд.
Яке аз сурудҳо "Сусхотун" ном дошт. Масалан, агар хушксолӣ шавад, аҳли гузар ба зане либоси кӯҳна пӯшонида, дар ба дар мегаштанду маҳз ҳамин сурудро месароиданд:
Сусхотун, сусхотун, Сулай хотун,
Гандумако ташна монден, Сусхотун, Сусхотун.
Чумчуқако ташна монден, Сусхотун, Сусхотун.
Ятимако гушна монден, Сусхотун, Сусхотун,
Бевеко луччак монден, Сусхотун, Сусхотун.
Гандум пазад, Сусхотун, ҷав пазад Сусхотун…
Яке аз соҳибҳавлиҳо ба бом баромада, ба болои "сусхотун" об мерехт ва баъд ба қадри имкон ба ӯ ғаллаву нон, орду хушкмева медод. Сусхотунгӯйҳо аз чизҳои ҷамъкардаашон таоме мепухтанд, худ мехӯрданд ва ба дигарон низ медоданд.
Толиббек баъди қироат аз тиреза ба берун нигарист, ки аз шамоли сахт шохҳои сарсабзи дарахтон алвонҷ хӯрда, дар осмон абрпораҳо пайдо шуданд. "Ин ҳодисаи табиат аз қироати сурудҳо - ботинан завқ карда хандид ӯ, - боз ду-се маротиба хонам, шояд борон борад".
Дарҳақиқат, фурсате нагузашта бо чангу тӯпаланг, борон, сипас сел омад.
- Эй, неъмати Худо, бисёртар биё, - ду даст сӯи осмон бардошта нидо дод ӯ, - охир мо ташналабонем!
Толиббек дод мезад, мерақсид, давр мезад ва аз шиддати борон тар мешуд, вале пеши назар талу дашти пажмурда, ҷаву гандуми нимҷону нимҳолро оварда шукронаи инъоми бамавриду деринтизори Парвардигор менамуд…

Дар роҲи фирӮзии насли башар
Аз навозишҳою меҳри модарам,
Рӯйи ман пардози алвонӣ гирифт.
Аз саховатмандӣ - мардии падар,
Мурғи дил парвози кайҳонӣ гирифт.
Қиблагоҳаш Маҳмудбек Маъруфӣ сарвари мактаби таълими умумии рақами 41-и ноҳия буда, бо навоварӣ, ташаббускорӣ ва садоқат ба касби педагогӣ корҳои зиёди бунёдкорию ободонӣ ва таълимиро ба фарҷом расонда буд. Шояд аз ҳамин сабаб соли 1977 дар деҳаи Равонак омӯзишгоҳи касбиву ҳунарӣ таъсис ёфту ӯро директор таъин кардаанд. Аммо он айём на ҳама фарзандонашро ба коллеҷ медод. Маҳмудбек Маъруфӣ барои ибрат шудан фарзандаш Толиббекро аз мактаб гирифту ба омӯзишгоҳ гузаронд. Сипас, пайравон афзуданд. Толиббек инчунин дар мактаби коргар - ҷавонони таълимаш шабона таҳсил гирифт, ки соҳиби номаи камол шавад. Ҳамон солҳо аҳволи модари муқаддаси ӯ Тӯхтабибӣ Раҳматова вазнин шуда, бистарӣ гардид. Толиббек доим дар атрофи модараш парвона буд.
- Ҷони оча, илоҳӣ хока гирӣ зар гардад, - дилсӯзии фарзандро дида дуо мекард волидаи мукаррама.- мисли бобоят пири бадавлат шав!
Рост мегӯянд, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст: модар шифо ёфт. Дар ин мобайн Толиббек омӯзишгоҳро хатм карду номаи камол гирифт. Бо маслиҳату тавсияи волидон ва устодони худ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷик супурд ва ба шӯъбаи шабона қабул шуд. Гарчанд як муддат бо боғбонию деҳқонӣ машғул гардид, аммо қатъӣ аҳд кард, ки дар ягон идораи давлатӣ адои вазифа намояд. Байти "Дар олам ҳар касе бекор гардад, ба чашми аҳли олам хор гардад"-ро шиор намуда, аз паи ҷустуҷӯи кор шуд. Рӯзномаи вилоятии "Ленинский путь" (ҳоло "Самаркандский вестник""-ро мутолиа мекард, ки ногоҳ чашмаш ба эълони "Ба кор марҳамат!" афтод. Дар он гуфта мешуд, ки яке аз идораҳои собиқ ноҳияи Роҳи Оҳани Самарқанд ба ходимони ҷавон ниёз дорад. Вай аз ин навид шод гашта, аз пайи ҷустуҷӯи манзил шуд.
Вақте ки ба манзили зарурӣ омад, ӯро котиба пеши сарвари корхона Шавкат Мустафоев дароврад. Директор якбора ба мақсад гузашта гуфт, ки дар назди мактаби рақами 5-и ноҳияи Сиёб дӯкони китоб ҳаст, ки дер боз фаъолият надорад. Вай метавонад рӯзона бо савдо машғул шавад ва шабона таҳсил гирад. Толиббек фаъолияти меҳнатиро дар дӯкони хурдакаки китобфурӯшӣ оғоз кард. Сипас, қариб даҳ сол ба ҳайси ҷонишини директори заводи истеҳсоли пива, сипас раиси ҷамъияти таъминот бо маводи озуқаи роҳи оҳан меҳнат кард.

Дунёи Қуръагардон
Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан,
Некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд.
Соли 1995 Толиббек директори идораи шахсони имконияташон маҳдуд - кару гунг таъин гардид. Корхонаи мазкур дар кӯчаи Панҷакенти шаҳр ҷойгир буд. Сарвари нав нахуст ба таъмиру тармим пардохт. Ва ба ин кор бошандагони онро ҷалб кард. Ногаҳон падараш Маҳмудбек Маъруфӣ омад, ки аз кори писараш огоҳ шавад. Вай ба ҳашарчиён "монда набошанд" гуфт, вале ҷавобе нашунид. Сипас, аз фарзандаш фаҳмид, ки коргарон кару гунганд. Маъруфӣ лабханд зад, лаҳзае ба андеша фурӯ рафт ва норозиёна сар ҷунбонд.
- Шери додо, ба қуръагардонии дунё аҷабам меояд, - гуфт ӯ. - Вақте ки сардори шӯъбаи корҳои дохилии собиқ ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд будам, маро низ мисли ту ба ин ҷо муваққатан роҳбар таъин карданд. Мебоист маҳбусонро оварда, бинои коргоҳро созам. Айнан ту барин бобоятро овардам, ки барои пешравии кор дуо гирам. Падарам фаҳмиданд, ки ман маҳбусонро кор мефармоям, сахт ранҷида таъкид кардаанд, ки чунин фаъолият нодуруст аст. Хубтараш, ба деҳа равам ва аз пешаи омӯзгорӣ намонам.
Ман ба насиҳати падарам амал карда, боз ба мактаб омадам, омӯзгор шудам, дере нагузашта директор таъин гардидам.
Толиббек рӯзи дигар барои дуогирӣ ба ҳавлии волидайн омад. Модараш чой менӯшиду падараш аз пайи коре рафта буд.
- Ман аз ҳама гап бохабар, - гуфт Тӯхтабибӣ Раҳматова. - Ҳамин рӯз ариза навишта, вазифаро супор. Худои меҳрубон ризқу рӯзирасон. Дар пешонаат боз ягон кор будагист. Падар розӣ - Худо розӣ.
Толиббек Маҳмудов аз директорӣ истеъфо дод, аз баҳри курсии гарму нарм, мошини хизматӣ баромад. Роҳбари соҳа, ҷонишини ҳокими вилоят Холмуҳаммад Нуруллоев (илоҳо ҷояш дар ҷаннат бошад!) марди рамузфаҳм, дурандеш, савобталаб буд, ки бо зердасташ баҳсу мунозираро муносиб надонист ва Толиббек Маҳмудовро ба сарварии ҷамъияти саҳҳомии "Самарқандкитоб" тавсия кард. Вай бори дигар фаҳмид, ки китоб беҳ аз ганҷинаи пурбор аст. Барои тарғиботи китобхонӣ ва мутолиа дар мактабу ташкилотҳо намоиши асарҳои тозанашрро ташкил кард. Дар тӯли беш аз даҳ соли фаъолият барои баланд бардоштани сатҳи дониши мардум хизмати шоиста намуд. Аҳолии деҳаи Тали Барзуи боло ӯро раиси маҳалла интихоб карданд. Вай барои мумфарш кардани кӯчаҳо, ободии қабристон, ба замона хос гузаронидани маъракаҳо саҳми муносиб гузошт.

Аз Ҳаракат - баракат
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.
Дар шоҳроҳи Самарқанд - Шаҳрисабз, ки кӯпрук ва ду соҳили рӯди Дарғам ба партовҷой табдил ёфта буд, табъи меҳмонону роҳгузарон хира мекард. Собиқ ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев Толиббекро назди худ хонду хоҳиш кард, ки ҳамин мавзеъро ободу зебо намояд.
- Агар шумо розӣ бошед, - гуфт Толиббек, - хоҷагии фермерии бисёрсоҳавӣ ташкил намуда, ошхона, корхонаи ширинипазӣ, устохона созам. Муҳимаш қариб сӣ нафар ҷавонон бо меҳнати фоиданок банд мешаванд.
Ҳоким тадбиркорро дастгирӣ кард. Кор авҷ гирифт. Биноҳои хушсохту замонавӣ қад афрохт. Аз се километр масофа хатти нерӯи барқ кашиданд. Бо роҳи ҳашар боғ ташкил шуд.
Толиббек Маҳмудов солҳои зиёд ба хоҷагии бисёрсоҳавии "Маҳмудбек Маъруфӣ" роҳбарӣ карда, онро ба писараш Зафарҷон супурд.
- Замин касро мехӯронад, мепӯшонад ва оқибат ба оғӯши худ мегирад, - ба фарзандон насиҳат мекунад Толиббек Маҳмудов. - Агар мо заминро фиреб диҳем, хароб созем, гуноҳи азим аст. Замин мегуфтааст, ки "ман зери поят, меҳнат кунӣ, ба зарат мерасонам".
Воқеан, дуруст гуфтаанд, ки пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан, некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд. Ҳоло Толиббек Маҳмудов на танҳо сарвару маслиҳатгари фарзандон, инчунин узви сулолаи маъруфиён аст.

Зани нек мардро тоҷбасар кунад
На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд.
Солҳои муҷаррадии ӯ буд. Ҳамсолонаш қариб ҳама хонадор шуданд. Шояд аз ҳамин сабаб модари ғамхораш мегуфт, ки "о, бачекам, то кай сари қоқ мегардӣ, ман ҳам аз дасти келин чой нӯшам, мисли дигарон бо набера сайри кӯча кунам".
- Диплом гирам, - баҳона пеш меовард домодшаванда. - Саросема нашавед.
- Не, писарҷон, - гапашро мегузаронд модар, - зани нек осоиши мард ва ободонии хона аст. Агар ягон духтареро "таги чашм" карда бошӣ, гӯй, калӯша монда бо патак тохта, хостгор мешавем.
- Гуфтам-ку, ин гапҳо баъди хондан, - якравӣ мекард писар.
- Агар ин тавр бошад, - модар хандид, - додоят мехоҳанд духтари Сироҷиддин раисро келин кунем. Ману холаат пагоҳ хостгорӣ меравем.
Толиббек чизе ҷавоб нагуфт. Вай медонист, ки сулолаи Аҳтамовҳо доктори фанҳо. профессорон ва ҳатто академикҳо ҳастанд. Модар "сукут - аломати ризо" донист. Ва дере нагузашта ба хонадон арӯси исмаш ба ҷисмаш монанд - Хуршедабонуи исмаш ба ?исмаш монанд омад. Рост мегӯянд, ки дар кадом хонае зани солиҳа бошад, рӯшноӣ ба рӯшноӣ меафзояд.
Бо гузашти айём кадбонуи сарфакору меҳрубон Хуршедабону Усмонова панҷ нафар фарзанди худро бо меҳр парварид, кӯшид, ки то онҳо соҳиби фазилату одоб шаванд. Ҳоло Ҳусейнҷон, Ғолибҷон, Зоҳирҷон, Зафарҷон ва гулдухтараш Интизорбону дар шоҳроҳи зиндагӣ ҷойи худро ёфта, ба халқу Ватан хизмати шоиста мекунанд. Қариб бист нафар набераҳои хушрафтору хушгуфтор ба бобоҷону бибиҷон олам-олам хурсандӣ ҳадя месозанд.

ЭЙ ЗАМИН, ТО ЗИНДААМ,
МЕҲРАТ БА ҶОН МЕПАРВАРАМ…
Биё, хуш дилнишин, хушнавбаҳорон дар Самарқанд аст,
Мунаввар равзаи шоҳи ҷавонон дар Самарқанд аст.
Адофаҳму сухансанҷи расоён дар Самарқанд аст,
Гуландому парирӯ, нозанинон дар Самарқанд аст.
Ҳоло утоқи кории Толиббек, ки одами хоксор аст, ҳамеша барои меҳмонону мизбонон, ёру дӯстон боз мебошад. Чанде пеш мо бо шоири хушкалому ҳозирҷавоб Нормурод Каримзода ба муносибати 65-солагиаш меҳмони коргоҳи ӯ шудем. Диққати моро аксҳои соҳибхона бо ҳофизони номдор устод Ҷӯрабек Муродов, Шералӣ Ҷӯраев, Олмахон Ҳайитова (равонаш шод бод), Ортиқ Отаҷонов, Ғуломҷон Ёқубов, Асадулло Атоуллоев, Мардони Мавлон, Ҳасанҷон Нуруллоев ва дигарон ба худ кашид:
- Бо марҳамати тақдир бо чунин сарояндагони бомаҳорату боистеъдод риштаи дӯстӣ бастам, - аз нигоҳи мо рамуз гирифта фаҳмонд соҳибхона. - Охир кас аз шунидани таронаҳои пурҷозибаву тозаи ҳофизон ба ҳаяҷон омада, ғизои маънавӣ мегирад. Ин санъаткорон бо эҷодиёти худ ба инкишофи ҳунари мусиқии тоҷику ӯзбек саҳм мегузоранд. Алалхусус, саҳми устод Ҷӯрабек Муродов дар ҳифзу аз тарғиби мусиқии классикӣ ва таронаҳои безаволи "Шашмақом", сайқалу такмил додани онҳо ниҳоят бузург аст. Вай яке аз пайравони устод Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов дар бахши мусиқии классикист ва бисёре аз таронаҳои тоҷикии санъаткори нотакрорро дубора зинда намуда, бо овози ширадору диловезаш ба онҳо сайқалу оро бахшидааст. Ман бо амри тақдир дар қитъаи Амрико, Ҳиндустон, Ветнам, Фаронса, Туркия, Олмония, Венгрия, Япония, Хитой, Австрия, Исроил ва дигар кишварҳои ҷаҳон азми сафар намудам. Аммо Самарқанди бостонӣ ва ҳамешаҷавон шукӯҳу таровати дигар дорад, ки дар ҳар куҷо бо ин шаҳри муборак, зодгоҳи азизам, мефахраму меболам. Зеро:
Самарқанд сайқали рӯйи замин аст,
Биҳишту ҷаннату ризвон ҳамин аст.
Он рӯз сӯҳбати мо ба қавле қаймоқ баст. Илҳоми дӯстам, шоири хушбаёни ҳозирҷавоб, Нормурод Каримзода мисли чашмаҳои кӯҳсор ба ҷӯш омада, нисбати соҳибхона Толиббек Маъруфӣ чанд мисраъ гуфт:
Эй замин, то зиндаам, меҳрат ба ҷон мепарварам,
Бигзарам аз ин ҷаҳон, хокат мубарро бистарам.
Дар паноҳат то қиёмат умри ман ёбад давом,
Бо муҳаббат ёд орад, иншооллоҳ, дилбарам...

Собири БУРҲОН,
Зоҳир ХАСАНЗОДА


Дата добавления: 21/05/2021 16:48;   Просмотров: 478
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку