Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭЪТИБОР БА НОБОЛИҒОН

Дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 46 дар мавзӯи пешгирии ҷинояткориву қонуншикании ноболиғон ҷамъомад баргузор гардид. Дар он раису фаъолони маҳаллаи Ҷӯйи Аббос, нозири профилактикӣ ва омӯзгорони мактаб иштирок намуданд.

Мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов ҷинояткориву қонуншикании ноболиғонро дар давоми соли ҷорӣ таҳлил намуда, барои бартарафсозии хатову камбудиҳо ба роҳбарияти мактаб, роҳбарони синфҳо, омӯзгорон ва психологҳо супоришҳои махсус дод.
Дар давоми тадбир нақшаи тадбирҳои моҳи оянда ва харитаи роҳ тасдиқи худро ёфт.

М.АКРАМОВ,
роҳбари шӯъбаи тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ҳифзи иҷтимоии бачаҳои Шӯъбаи таълими халқи ноҳия


Дата добавления: 18/11/2020 11:04;   Просмотров: 505
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку