Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДУОГӮЙИ МАҲФИЛҲО РАФТ

Рўзи 25-уми октябр яке аз эҷодкорони Самарқанди бостон Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода аз олам чашм пўшид.

Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода 19-уми апрели соли 1940 дар деҳаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд дар хонадони марди фозил устод Саъдӣ Ёқубзода ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ таълими махсуси касбиро аз шӯъбаи тошкандии Омӯзишгоҳи роҳи оҳани Осиёи Миёна гирифт. Сипас солҳои 1957-1959 ҳамроҳи падари заковатмандаш дар собиқ хоҷагии ҷамоатии “Гулобод”, болои наҳри Дарғам, ки мардум Чӯли Миср мегуфтанд, бо деҳқонӣ машғул шуд. Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода солҳои 1960-1962 хизмати ҷавонмардии худро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар Олмон (Германия) гузаронд. Ӯлмаси ҷавон, ки басо заҳматкашу меҳнатқарин буд, бо тавсияи сарварони қӯшуни ҳарбӣ барои омӯхтани илму дониш ва меҳнат то соли 1965 он ҷо монд. Ниҳоят, меҳри падар, Модар – Ватан ғолиб омаду ба Самарқанд баргашт. Ба зодгоҳ баргашта, донишҷӯи омӯзишгоҳи кооперативӣ гардид. Роҳбарони “Ӯзбекбирлашув” ӯро ба вазифаҳои роҳбари ошхона, таъминотчии коргарони шӯъбаи самарқандии саридораи Роҳи оҳани Осиёи Миёна таъин карданд. Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода аз соли 1966 то соли 2004 дар як коргоҳ, дар вазифаҳои гуногун меҳнати ҳалол намуд. Бо вуҷуди роҳбарӣ аз эҷод худро дур нагузошт. Панди падар доим дар гӯшу ҳамсӯҳбати мардони фозил буд. Аз олиму соҳибқаламони тавоно чун шодравон Академики Академияи фанҳои Ӯзбекистон устод Ботурхон Валихоҷаев, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, рассоми мониқалам Даврон Сафозода, адиби ширинбаёни Самарқанд Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ ва дигарон ҳунари суханофарӣ омӯхт. Китобро дӯсти беғарази худ дониста, аз ашъори шоирони мумтоз баҳравар гардид. Навиштаҳои Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода, ки саросар аз мадҳи Ватан – Модар, муносибати фарзанду волидайн, ишқи поки ҳақиқӣ ва фазилатҳои дигари инсонӣ иборат аст, дар рӯзномаҳои вилоятиву республикавӣ бо тахаллуси Ҷовид чоп мешаванд. Намунаи ашъораш дар китобҳои “Мулк-ул-ғазал” (Бо ҳаммуаллифии падари шодравонаш Саъдӣ Ёқубзода), “Шукрона” ва “Андиҷонинома” (соли 2010) ҷой гирифтааст.
Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода бо тахаллуси Ҷовид шеърҳои зиёдеро аз худ ба мо мерос гузошт. Дар дил орзуҳои зиёде дошт. Дар тараддуди нашри шеърҳои тозаэҷодаш дар шакли китоб буд. Афсӯс ин орзуҳои ӯ армон гашт.
Дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба пайвандону фарзандони Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода сабри ҷамил металабем. Рухаш шоду хонаи охираташ обод бод!


Дата добавления: 26/10/2020 10:52;   Просмотров: 536
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку