Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БО МЕҲРИ ГАРМ ВА ДИЛКАШОЛӢ АЗ САМАРҚАНД БАРМЕГАРДАМ... – иброз дошт Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ният дошт, ки ҳамагӣ як рӯз меҳмони Самарқанд ва самарқандиён шавад, вале он дар тӯли се рӯз ҳам ба охир нарасид....

Ташрифи нахустини сафир ба ҳокимияти шаҳри Самарқанд оғоз ёфт, ки хеле хотирмон гузашт. Ҳокими нави шаҳр Фазлиддин Умаров меҳмони олиқадр ва гиромиро хуш пазируфта, доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Самарқанду Хуҷанд, ки бародаршаҳр ҳастанд, ҳарф зад.
Сафири Тоҷикистон афзуд, ки инчунин дар байни ду кишвари ҳамсоя низ ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ густариш меёбанд.
Ташрифи Абдуҷаббор Раҳмонзода ба "Хонаи дӯстӣ"-и вилояти Самарқанд ниҳоят ҷолиби таваҷҷӯҳи ҳозирон гардид. Раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонҳои Самарқанд Акбар Маҳмудов иттилоъ дод, ки маҳз бо шарофату ғамхориҳои Президентҳои ду кишвар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маркази фарҳангии тоҷикон корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасонад.
Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо аҳли идораи рӯзномаи" Овози Самарқанд" низ ба ҳама таъсири калон гузошт .
Сардабири рӯзномаҳои "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник", раиси иттиҳодияи журналистони вилояти Самарқанд, сенатор Фармон Тошев меҳмони олиқадри тоҷикро хайра мақдам гуфта, доир ба сафари хеш ба Тоҷикистон ва таассуротҳои наҷиби худ ҳарф зад.
Сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодур Раҳмонов меҳмононро бо фаъолияти идораи рӯзномаи мазкур шинос намуда иброз дошт, ки хушбахтона бо дастгирии ҳокими вилоят теъдоди рӯзнома афзоиш ёфтааст.
Ба сафир китоби "Қайдҳо дар ҳошияи дафтар"-и нависандаи халқи Ӯзбекистон Ӯтқур Ҳошимов, ки аз ҷониби профессор, Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурияти Ӯзбекистон А.Қамарзода ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, тақдим гардид. Бояд гуфт, ки китоби мазкур бар асоси маблағи гранти барои Маркази милливу фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд ҷудогардидаи бунёди дастгирии ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд рӯи чопро дид.
Инчунин, ташрифи сафири Тоҷикистон ба осорхонаи устод Айнӣ ҳаяҷонбахш шуд. Вай бо ҳар як экспонатҳои осорхона бо диққати махсус шинос гардида гуфт, ки кормандони музей барои эҳёи рӯҳи поки устод хизмати шоиста карда истодаанд.
- Ҳамааш хуб, вале меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон кам ташриф меоранд - гилаомез шикоят кард директори осорхонаи устод Айнӣ Амриддин Пӯлодов, - охир дар Самарқанд устод Айнӣ бисёр асарҳо эҷод карда, барои ғанӣ гардонидани адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд профессор Рустам Холмуродов меҳмонони воломақоми Тоҷикистонро хуш пазируфта иброз дошт, ки дар мактаби олии мазкур беш аз 10 гурӯҳи тоҷикӣ арзи вуҷуд дошта, ҳамкорӣ бо Тоҷикистон сол то сол густариш меёбад. Аз рӯи шартномаи ҳамкорӣ қабули талабагони тоҷикзабон аз мактабҳои олии Тоҷикистони ҳамсоя ба роҳ монда шудааст.
Сипас, дар толори факултаи биологияи ДДС вохӯрии аҳли фарҳангу ҳунар, санъаткорону эҷодкорон ба вуқӯъ пайваст. Проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов оид ба корҳои байналхалқӣ, профессор Акмал Аҳмадов ба анҷумани бошукӯҳ ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба сафири Тоҷикистон дод.
- Самарқанди қандманд ва одамони сарбаланди он барои Тоҷикистон ва рушди адабиёт, санъат, кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, меъморӣ ва ғайра саҳми арзанда гузоштаанд, ки дар саҳифаҳои таърихи мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода - боз таъкид намуд, ки аввалин рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ дар Самарқанд нашр шудааст. Шахсан ман аз он ифтихор дорам, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд рисолаи номзадиро дифоъ намуда будам.
Дар вохӯрӣ декани факултаи биология, профессор Азамат Пардаев, мудири кафедраи адабиёти Шарқ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ, устоди ДДС, роҳбари маҳфили адабии "Қофилаи Рӯдакӣ" , шоира Дилшодаи Фарҳодзод ва дигарон ба минбар баромада, доир ба сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарварони ду кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, сафари расмии сафири Тоҷикистонро дар таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангӣ алоҳида қайд намуданд.
Ҳофизони машҳури самарқандӣ Ҳасанҷон Нуриллоев ва Озодабону Аҳмадова бо сурудҳои дилнишину дилошӯб ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд.
Сафари кории сафири Тоҷикистон ба минтақаи озоди иқтисодии Ургут низ самарабахш буд. Вай инчунин бо фаъолияти мактаби деҳаи Мерганча, ки бо кӯмаки беғарази Тоҷикистон бунёд ёфтааст, аз наздик шинос шуд.
- Таассуроти камина як олам аст, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода, - бовар кунед, барои меҳмоннавозӣ, хушпазироии самарқандиён сухани муносиб ёфтан душвор аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Дилрабо НАСИМӢ.


Дата добавления: 12/03/2022 11:42;   Просмотров: 334
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку