Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БО ДУОИ ХАЛҚ БА РОҲ

Автобуси рақами 20 дар самти "Вокзали Роҳи оҳан - маҳаллаи Шӯрбоӣ" ҳаракат дорад. Аз хизматрасонии ин нақлиёт аҳолии маҳаллаҳои Равонаку Шӯрбоӣ бештар миннатдоранд. Зеро солҳои пеш шумораи автобуси ин самт камшумор буд ва мусофирон соатҳои зиёд интизораш мешуданд. Ҳоло бошад, хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Мизоҷон аз муомилаю рафтори ронандагон хушҳоланд. Аз ин рӯ, яке аз фаъолони маҳаллаи Шӯрбоӣ, марди маърифатпарвар Соҳибҷон Халилов ҳамчун рамзи эҳтиром ба чанд нафар ронанда ифтихорнома супорид. - Ронандагони автобуси рақами 20 одоби сорбониро риоя намуда, бо мусофирон хушмуомила ҳастанд, - гуфт сокини маҳаллаи Шӯрбоӣ Асадулло Каримов. - Ҳоло автобус дар ҳар 15 дақиқа ба истгоҳ меояд. Мардум низ ба қоидаҳои санитарӣ риоя намуда, ба автобус савор мешаванд. Дилрабо НАСИМӢ

Дата добавления: 21/05/2021 16:38;   Просмотров: 453
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку