Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БАРОИ ҚАДРИ ИНСОН

Бо ташаббуси Агентии "Ӯзархив"-и Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон дар Садорати ҳудудии кори архивии вилояти Самар­қанд ва муассисаҳои тобеи он дар мавзӯи "Барои қадри инсон" пресс-тур ташкил гардид.

Дар архиви давлатии ноҳияи Самарқанд дидани нусхаи аслии парвардаи шахсии Шароф Рашидов, ки солҳои дароз роҳбари Ӯзбекистон буд, муяссар гардид. Ин архив аввал дар чор ҳуҷраи мадрасаи Нодир Девонбегии маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ташкил ёфта будааст. Баъд ба клуби хоҷагии ҷамоавии мавзеи "23-юми феврал" кӯчонидаанд. Директори архив Дилшод Қодиров сурати ҳамон солҳои мадрасаро нишон дод.

Бо қарори комитети иҷроияи ноҳия аз 17-уми июли соли 1962 ин архив ба аҳолӣ ва ташкилотҳои ноҳияҳои Самарқанд, Ургут, Ҷомбой, Пастдарғам ва Гӯзалкент хизмат расонидааст. Архиви байниноҳиявии Самарқанд 21-уми апрели соли 1965 ба филиали архиви давлатии вилоят табдил ёфтааст. Ин бинои нави архиви давлатӣ соли 2010 сохта шудааст. Дар ин архив ҳоло ҳуҷҷатҳои солҳои 1919 - 2021 нигоҳ дошта мешаванд. Имрӯзҳо архив дорои 904 фонд ва 123001 ҳазор воҳиди ягонаи ҳуҷҷат мебошад.

Дар охир сарвари Садорати ҳудудии кори архиви вилоят Абдувалӣ Маманазаров аз ҳолати архивҳо, ислоҳоти ин соҳа, дар амал ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ, нақшаҳои оянда барои иштирокчиёни пресс-тур маълумоти муфассал пешкаш кард.

Саволу пурсиш, баҳсу мунозираҳо дар атрофи мавзӯъҳои хизмати архивҳо, тарзи нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, бехавфии онҳо аз фалокатҳои сӯхтору боронгарӣ, хизматрасонии пулакӣ, рағбатноксозии ходимони архивҳо ва ғайра пресс-турро хеле шавқовару ҷолиб гардонд, ки ҳамаи инҳо ба манфиати инсон аст.

МУХБИРИ ХУДАМОН.

Аксбардор Б.Қодиров.


Дата добавления: 08/04/2022 15:12;   Просмотров: 318
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку