Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АГАР РӮЙИХАТ ДУРУСТ БОШАД, муаммоҳо зуд ҳал мегардад

Дар ноҳия барои омӯзиш ва ҳалли муаммоҳои бонувон ва ташаккули дафтари "Бонувон ва ҷавонон" корҳои самарабахш ба сомон мерасад. Бахусус, аз ҷониби штаби сектори якум, гурӯҳи корӣ ба ин эътибори ҷудогона зоҳир мегардад.

- Ба дафтари "Ҷавонон" шаҳрвандони синнашон аз 18 сола то 30 сола ба руйхат гирифта мешаванд. - гуфт масъули сектори якум Бунёд Ярашев. - Занҳо аз 18 солагӣ то охири умр ба рӯйхати дафтари "Бонувон" дохил мешаванд. Дар пурсишномаи мазкур ба ҷавонон ва бонувон 36 саволи аниқ дода шудааст, ки бояд аз ному фамилия то муаммоҳои рӯзгор саҳеҳ ҷавоб дода шавад. Масъалаи ҷавонон ва бонувони бекормонда, онҳое, ки ҳунар ё шавқи тадбиркорӣ доранд, равшан гардонанд. Рӯйхат, ки дуруст шуд, муаммоҳо пасу пеш зуд ҳал мешавад. Барои дурустии пурсишномаҳо раисон ва ҷонишинҳои раисони маҳаллаҳо хизмати заҳматписандро бар дӯш доранд. Онҳо дар ба дару хона ба хона гашта, аз вазъи рӯзгори ҳамдеҳон огоҳ мешаванд ва анкета пур мекунанд.
Дар ноҳия бо фармоиши махсуси ҳокими ноҳия аз 29-уми октябри соли ҷорӣ ба рӯйихатгирии аҳолӣ оғоз ёфт. Дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 10 штаби ба рӯйхатгирии ҷавонону бонувони шонздаҳ маҳаллаи ҳудуди сектори якум ташкил гардидааст. Дар штаб 16 оператор бо роҳбарии Орифҷон Шодиев корбарӣ мекунанд. Комил Исмоилов, Малоҳат Шодиева, Наргиза Ғафурова ва дигарон мутахассиси соҳаи худ ҳастанд.


Дата добавления: 18/11/2020 10:35;   Просмотров: 514
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку