Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Қадри забон

Дар мактаби мусиқии рақами 26 -уми ноҳияи Самарқанд бахшида ба рӯзи забони давлатӣ тадбир барпо гардид.

Он зери садои гимни Ӯзбекистон оғоз ёфт. Аввал ҳокими ноҳия Носир Мавлонов тадбирро кушода, ҳозиронро бо рӯзи иди забони давлатӣ табрик гуфт. Сипас, дар иҷрои хонандагони мактаб дар васфи забони ӯзбекӣ шеърҳо қироат карда шуд.
Дар тадбир сардори шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Баҳриддин Мардонов, муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги", шоир Нормурод Каримзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" Баҳодур Раҳмонов, раиси Маркази тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов ва як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои миёнаи таълими умумии ноҳия иштирок карданд. Дар рафти тадбир аз рӯи озмуни "Қадринг баланд бӯлсин, она тилим" як гурӯҳ хонандагон ва муаллимон бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Баҳодури ЗОҲИР


Дата добавления: 23/10/2020 15:45;   Просмотров: 520
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку