Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«НИШОНИ МЕҲР»-И УСТОД

Устод Абдусалом Самадовро аз айёми наврасӣ, вақте ки китоби баёзи назму насри адибони Самарқанд бо номи "Гулдастаи Самарқанд" соли 1990 чоп гардид, мешиносам. Зеро дар он чакидаҳои хомаи эҷодкорони ҳамдеҳаи мӯътабарам Абдусалом Самадови боғимайдонӣ ҷой дошт. Пас маро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд шарафи шогирдӣ ба эшон рост омад. Дар он айём низ аз матбуоти даврӣ, дастурҳои услубӣ, китобҳои дарсӣ, асарҳои илмии устод Самадовро мехондам. Устод пас аз ба нафақа баромадан хеле пурмаҳсул гардиданд, ки ифтихорам аз як нафар ҳамдеҳ ва устод афзунтар шуд. Чанде аз китобҳояшон, ки аз илми адабиётшиносӣ баҳс мекунад ва ёдномаҳои дилчаспу мондагоре дорад, писанди хонандагон аст.

Инак устод "Нишони меҳр"-и худро ба муштариён армуғон месозанд. Аниқтараш китоби "Нишони меҳр"-и устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ, академики Академияи фанҳои Тӯрон, узви Идтиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Абдусалом Самадов аз ду қисмат мураттаб ёфтааст. Дар қисмати якуми он зимни таҳқиқи эҷодии суханварони мумтоз Заҳириддин Бобур, Махдумқулӣ, Абай Қӯнанбоев, Чингиз Айтматов, Ориф Гулханӣ, Раҳим Ҷалил, Зулфия, Шароф Рашидов, Расул Ҳодизода, Лоиқ Шералӣ, Пиримқул Қодиров, Эркин Воҳидов, Ҷамол Камол, Барот Бойқобилов ва дигарон оиди масъалаҳои робитаву пайвандҳои адабӣ, аз қабили дӯстии адибон, тарҷумаи бадеӣ мулоҳизаҳои ҷолиби назар ба миён гузошта шудааст. Дар қисмати дигари китоб мақолоти публитсистӣ ҷой гирифтаанд, ки дар онҳо оиди меҳру садоқат нисбати халқу Ватан ва касбу ҳунар, муаммоҳои зиндагиву эҷод сухан меравад.
Мо устодро бо чопи китоби хонданӣ ва зарурӣ муборакбод гуфта, аз он кас боз осори зиёдро умедворем.

Н.ДИЛРАБО


Дата добавления: 02/12/2020 10:38;   Просмотров: 541
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку