Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДОСТОНИ ДАҚУҚӢ ВА КАРОМОТИ Ӯ

Дақуқӣ марди бузурге буд, соҳиби каромот ва ошиқ ба Худо. Пайваста ҳам дар сафар буд ва ҳам дар ҷустуҷӯи мардони Худо. Дар ҳеҷ деҳе беш аз ду рӯз намемонд. Мегуфт:

- Агар бештар бимонам, дил ба он ҷо мебандам ва ман намехоҳам побанди ҷою макон бошам:
Бар замин мешуд чу маҳ бар осмон,
Шабравонро гашта равшан з-ӯ равон.
Дар мақоме маскане кам сохтӣ,
Кам ду рӯз андар деҳе андохтӣ.
Рӯзҳо дар роҳ буд ва шабҳо ба намоз меистод. Бо ҳама хубу меҳрубон буд ва ба неку бади дигарон кор надошт. Барои ҳама падар буд. Бо ин ҳама аз ин сӯ бад-он сӯ мерафт, хостори ошноӣ бо некону некихоҳон буд.
Меҳри ман дорӣ, чӣ мегӯӣ дигар?
Чун Худо бо туст, чун ҷӯйӣ башар?
Ӯ бигуфтӣ: Ё Раб, эй донои роз,
Ту кушудӣ дар дилам роҳи ниёз.
Дақуқӣ мегуфт:
-Эй Худо! Ту худат ин ишқро дар дили ман гузоштаӣ. Ман ҳам монанди Довуд пайғамбар ҳастам, ки ба ӯ касе шикоят бурд, ки ман наваду нӯҳ гӯсфанд дорам ва бародарам яке дорад. Агар онро ба ман вогузорад, шумораи гӯсфандони ман сад мешавад. Ё Мӯсо (а), ки худаш пайғамбар ва роҳбари қавми худ буд, бо ин ҳама, дар ҷустуҷӯйи Хизр буд, ба дунболи ӯ равон шуд, то аз дониши ӯ бархурдор шавад.
Аз Калими Ҳақ биёмӯз, эй карим,
Бин чӣ мегӯяд зи муштоқӣ Калим.
Бо чунин ҷоҳу чунин пайғамбарӣ,
Толиби Хизрам, зи худ бинӣ барӣ.
Меравам, яъне намеарзад бад-он?
Ишқи ҷонон кам мадон аз ишқи нон!
Дақуқӣ дар ҳини сафар ба канори дарё мерасад ва ногаҳон аз дур ҳафт шамъи равшанро мебинад, ки дар соҳили дарё медурахшанд:
Хира гаштам, хирагӣ ҳам хира гашт,
Мавҷи ҳайрат ақлро аз сар гузашт.
Ин чӣ гуна шамъҳо афрӯхтааст?
К-он ду дида халқ аз онҳо дӯхтааст?
Дар шигифт мешавад, ки ин шамъҳоро кӣ равшан карда ва чӣ гуна аст, ки ӯ мебинаду дигарон намебинанд:
Чашмбанде буд аҷаб бар дидаҳо,
Бандашон мекард, яҳдо ман яшо.
Ҳангоме ки ба ҳуш меояд, ҳафт шамъ ҳафт мард шуда буданд.
Ҳафт шамъ андар назар шуд ҳафт мард,
Нурашон мешуд ба сақфи лоҷвард.
Вай дар ҳайрат афтода буд. Ҳафт мард ба ҳафт дарахти сарсабзу пур аз мева ва хуррамӣ мубаддал шуданд. Сипас дарахтҳо яке шуданд ва баъд ба сурати ҳафт мард даромаданд, ки ба ҳоли парастиш гирди ҳам нишаста ва Худоро ибодат мекунанд. Дақуқӣ пеш меравад ва ба онҳо салом мекунад. Онҳо ӯро ба ном мехонанд ва саломашро ҷавоб медиҳанд. Дақуқӣ меандешад, ки онҳо номашро аз куҷо медонанд. Онҳо, ки фикрашро мехонанд, мегӯянд: Аҷаб нест диле, ки ҳайрони Худованд аст, розе бар ӯ пӯшида нест. Он гоҳ аз ӯ мехоҳанд, ки пешнамозашон бишавад.
Дақуқӣ ба шарти ин ки соате бо ҳам гуфтугӯ кунанд, қабул мекунад. Аммо дар нишаст бо онҳо худро фаромӯш мекунад ва соату замонро аз ёд мебарад:
Ҳам дар он соат зи соат раст ҷон,
З-он ки соат пир гардонад ҷавон.
Чун зи соат соате берун шавӣ,
Чун намонад маҳраме, бечун шавӣ!
Соат аз бесоатӣ огоҳ нест,
З-он к-аш он сӯ ҷуз таҳайюр роҳ нест.
Гуфтугӯйҳо поён надошт ва вақти намоз мегузашт. Пас Дақуқӣ ба намоз истод ва он ҳафт мард пушти сараш парастиши Худоро оғоз карданд. Дар миёни намоз чашми Дақуқӣ ба дарё афтод ва садои доду фарёду кӯмак шунид. Як киштӣ гирифтори тӯфон шуда, дар ғарқоб буд. Мусофирон аз тарси ҷон бо фарёд дуо мекарданду кӯмак мехостанд.
Ҳам шабу ҳам абру ҳам мавҷи азим,
Ин се торикию аз ғарқоб бим.

Чун Дақуқӣ он қиёматро бидид,
Раҳми ӯ ҷӯшиду ашки ӯ давид.

Гуфт: Ё Раб, мангар андар феълашон,
Дасташон гир, эй шаҳи некӯнишон.

Ашк мерафт аз ду чашмаш в-он дуъо,
Бехуд аз вай мебаромад бар само.
Он дуои бехуд, он худ дигар аст,
Он дуо з-ӯ нест, гуфти Довар аст.
Дақуқӣ ба Худованд мегуфт:
-Ту балоро офаридӣ ва дуъоро ҳам. Дар мусибат ба гуноҳони мо нигоҳ намекунӣ, балки бахшишу ёрии худро умед медиҳӣ!
Худованди Бузург дуои ӯро пазируфт, тӯфон фурӯ нишаст ва киштӣ аз ғарқшавӣ наҷот ёфт. Агар мардумон, он чунон ки аз бало метарсанд, аз балоофарин метарсиданд, мушкиле надоштанд.
Ончунон к-аз фарқ метарсанд халқ,
Зери оби шӯр рафта то ба ҳалқ.
Гар битарсандӣ аз он фақрофарин.
Ганҷҳошон кашф гаштӣ дар замин.
Ҷумлашон аз хавфи ғам дар айни ғам,
Дар пайи ҳастӣ фитода дар адам.
Мусофирони киштӣ хаёл мекарданд дуои худашон сабаби наҷот шуд ва аз дилсӯхтагии он баргузидаи бузург огоҳ набуданд. Бештари мардум чун рӯбоҳ ошиқи думи худ ҳастанд ва намедонанд он чӣ обҳоро аз хатар мераҳонад, поҳо ҳастанд!
Рӯбаҳо, поро нигаҳ дор аз кулӯх,
По чу набвад, дум чӣ суд, эй чашмшӯх.
Намоз тамом шуд ва тӯфон ҳам анҷом ёфт. Онҳо, ки пушти сари Дақуқӣ намоз мехонданд, аз фурӯ нишастани ногаҳонии тӯфон дар шигифт шуданд ва донистанд, ки яке аз онҳо дуо кардааст. Чун то дараҷае аз илми ғайб огоҳ буданд, аз ҳамдигар пурсиданд, ки дар кори Худо кӣ афзалӣ кардааст ва тӯфонро фурӯ нишондааст. Ҳама инкор карданд, ки мо накардаем. Чун донистанд, ки ин кори Дақуқӣ будааст, дар як чашм задан нопадид шуданд. Дақуқӣ пушти сари худро нигоҳ кард ва касеро надид. Аз онҳо на нишоне монда буду на ҷойи пое, на гардеву на асаре.
Ончунон пинҳон шуданд аз чашми ӯ,
Мисли ғӯтай моҳиён дар оби ҷӯ.
Солҳо дар ҳасрати эшон бимонд,
Умрҳо дар шавқи эшон ашк ронд!
Дақуқӣ медонист, ки ин розҳоро бо ҳар касе наметавон гуфт ва бояд то поёни умр дар пайи ёрон пинҳон шуда, ки саросар таслими иродаи Худованд ва ҳар чӣ ӯ бикунад ва ё муқаррар созад, хушнуданд, биравад.
Эй Дақуқӣ, ҷо ду чашми ҳамчу ҷӯ,
Ҳин мабур уммед, эшонро биҷӯ!
Ҳин биҷӯ, ки рукни давлат ҷустан аст,
Ҳар кушод дар дил андар бастан аст.
Ҳар киро дил пок шуд аз эътилол,
Он дуъояш меравад то Зулҷалол.

Аз китоби "Мунтахаби достонҳои
"Маснавии маънавӣ", бозгӯйи Аҳмад Насифӣ


Дата добавления: 23/10/2020 15:40;   Просмотров: 630
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку