Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АНДЕША ОИНАИ АМАЛ АСТ

Адиби хушбаёни диёри мо Солеҳ Саидмурод кайҳост, ки бо ҳикояву таронаҳои лирикиаш дар дилу дидаи хонандагони тоҷик ҷой гирифтааст.

То ҳанӯз се китоби ҳикоёташ бо номҳои "Сӯҳбат боқӣ", "Қиссаҳои гулобӣ" (2016) ва "Андешаҳо дар танҳоӣ" (2022) ба табъ расида, муаллифро ҳамчун нависандаи борикназар, ҳақгӯй ва андешапарвар муаррифӣ мекунад.

Маҷмӯаи тозанашри мавриди гуфтугӯи мо "Андешаҳо дар тан­ҳоӣ", рости гап, шоёни табрику таҳният буда, фарогири фасл­ҳои "Ҳикояҳо", "Лавҳаҳои лирикӣ", "Афсонаҳо", "Ришхандҳо" ва эссеҳоянд.

Мавзӯъ ва тасвирҳои ҷолиб, нақл ва суханпардозиҳои малеҳ, муколама ва хулосаҳои мантиқии адиби зиндагишинос хонандаро бефарқ намегузорад, баръакс ба олами рангини андешаҳо ҳусну қубҳи амалҳо, ба кашфи дунёи ботинии қаҳрамонҳо ҳидоят мекунад. Услуби нигорандагӣ низ завқовар аст. Беҳтараш, дӯстони азиз, худи шумо фурсат ёбеду аз бӯстони каломи бадеии ин суханвари хушқалам гули мақсуд ба даст оред. Иқдоми хайратон муборак бод!

МЕҲРАНГЕЗ.


Дата добавления: 08/04/2022 15:16;   Просмотров: 333
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку