Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПАЙРАВОНИ ЗУЛФИЯ

Дар мактаби санъат ва мусиқии бачагонаи рақами 12 зинаи ноҳиявии озмун-азназаргузаронии номзадҳо барои гирифтани мукофоти давлатии ба номи Зулфия баргузор гардид.

Дар он духтарони дар зинаи ҳудудии озмун ғолибомада байни ҳам аз рўи панҷ самт: фан, таълим, санъат, маданият ва адабиёт қувва озмуданд.
Дар тадбир раиси шўъбаи ноҳиявии бунёди “Нуронӣ” Очил Алиев, сармуҳаррири рўзномаи “Гулобод тонги”, шоир Нормурод Каримзода, раиси шўъбаи ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ўзбекистон Мадина Баротова дар бораи таъсиси мукофоти давлатии ба номи Зулфия ҳарф заданд.
- Мукофоти давлатии ба номи Зулфия ба духтарони соҳибистеъдоди синнашон аз 14 то 22-сола, ки дар соҳаҳои адабиёт, маданият, санъат, фан, таълим ва фаъолияти ҷамоатӣ ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, дода мешавад, - иброз дошт ҷонишини ҳокими ноҳия, раиси кумитаи занону духтарон Зебунисо Шодиева. – Имсол 265 нафар духтар хоҳиши иштирокро дар озмуни мазкур баён кард. Шумораи духтарони соҳибистеъдод то рафт зиёд мегардад..
- Бо либосҳои зардўзиам дар озмун иштирок дорам, - гуфт хонандаи синфи 9-и мактаби таълими умумии рақами 12 Интизор Набиева. – Ин ҳунар барои мо аҷдодист. Модару модаркалонам низ зардўзанд. Ман низ мехоҳам мисли Зулфияхонум дар ҳама соҳа фаъол бошам ва дар ҷамъият мавқеи худро ёфта, барои ривоҷи Ўзбекистони соҳибистиқлоламон саҳми муносиб гузорам.
Дар охир аз ҳар самт панҷ нафарӣ ғолибон муайян гардиданд. Ба ғолибон ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотирмон супорида шуд.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 03/11/2017 12:29;   Просмотров: 1409
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку